Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр дар бозори «Меҳргон»-и шаҳри Душанбе ҳамоиши картошкапарварон баргузор гардид, ки дар он қариб 500 тонна картошка ба намоиш-фурӯш гузошта шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоиш-фурӯш 1 килограмм картошка бо нархи аз 3,5 то 4 сомонӣ пешниҳод гардид. Ҳамчунин дар ин рӯз аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни картошка пешниҳод карда шуданд. Аз ҷониби кишоварзони ноҳияи Лахш картошкаи калонтарин, ки андозаи он 2 килову 300 граммро ташкил медод, пешниҳод гардид.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки «ҳадаф аз баргузории ҳамоиши картошкапарварон тарғиби рушди маҳсулот, муаррифии дастранҷи деҳқонон, мубодилаи таҷриба ва ҳамоҳангсозии илм бо истеҳсолот мебошад».

Дар ин рӯз хӯрокҳои аз ин навъи маҳсулот омодашуда ба маърази тамошо гузошта шуданд. Ҳамзамон олимони соҳаи кишоварзӣ ба картошкапарварон доир ба кишту парвариши ин маҳсулот тавсияҳо доданд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2026 дар мамлакат дар 68 ҳазор гектар картошка кишт карда шудааст, ки нисбат ба соли 2025 3,6 ҳазор гектар зиёд мебошад. То аввали моҳи ноябри соли равон 1 миллиону 31 ҳазору 647 тонна картошка ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 135 ҳазору 128 тонна зиёд мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиши картошкапарварон кишоварзон бо «Диплом», «Сипоснома» ва туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

АКС: Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"