Ҳайати Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии донишҷӯёни ИДМ иштирок намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Восхождение» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия Фестивали байналмилалии донишҷӯёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти унвони «Восхождение» баргузор гардид, ки дар он намояндагони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.

Фестивал дар Донишкадаи умумирусиягии давлатии кинематографияи ба номи С. А. Герасимов ифтитоҳ гардид. Дар он донишҷӯёни Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон бо филми омоданамудаашон иштирок менамоянд. Ин фестивал барои андӯхтани таҷриба ва ошно гаштанашон бо навгониҳои синамои ҷаҳон нақши муассир мебозад.

Ректори донишкада Маҳмуд Назарзода иброз намуд, ки Донишкадаи умумирусиягии давлатии кинематографияи ба номи С. А. Герасимов ҳамчун муассисаи бонуфузи таълимии соҳаи кинематография дар омода намудани мутахассисони касбӣ ва рушди санъати кино нақши муҳим дорад. Он дар доираи робитаҳои байналмилалӣ яке аз ҳамкорони калидии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон мебошад.

Ҳайати профессорону устодони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба рушди ҳамкории мутақобили судманд бо Донишкадаи умумирусиягии давлатии кинематографияи ба номи С. А. Герасимов таваҷҷуҳи хос доранд. Мубодилаи таҷрибаи устодон, баргузории семинару дарсҳои маҳорат, ҳамкории донишҷӯён ва таҳияи лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ аз ҷумлаи самтҳои муҳимми ҳамкории дуҷониба мебошанд, ки сол ба сол тавсеа меёбанд.

Омӯзгорони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ҳамзамон дар Конфронси IV байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Тамоюлҳои муосири раванди эҷодӣ дар мактабҳои кино: қаҳрамонони нав дар кадр ва берун аз кадр», ки дар доираи лоиҳаи «Кинообразование: совместные образовательные проекты государств-участников стран СНГ» доир шуд, иштирок намуданд. Дар доираи чорабинӣ барои баррасии дурнамои ҳамкории минбаъда вохӯрии судманд баргузор гардид.

АКС: Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода

Источник: АМИТ "Ховар"