Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
АМИТ "Ховар" · · g524901
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика 11 ноябр дар шаҳри Москва зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Вазири энергетикаи Федератсияи Русия Сергей Сивилёв баррасӣ гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкории соҳавӣ ва роҳҳои густариши минбаъдаи онҳоро муҳокима намуданд. Яке аз мавзуъҳои меҳварии мулоқот фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» буд.
Дар фарҷом мусоҳибон барои идомаи ҳамкорӣ ва тақвияти робитаҳои шарикӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи энергетика изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон