Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи гузаронидани арзёбии пешакии имконияти мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур
ДУШАНБЕ, 05.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи гузаронидани арзёбии пешакии имконияти мавзеъҳои сайёҳӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода бо мушовири байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Ҷумҳурии Австрия Волфганг Майрхофер дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Ҷонибҳо барои рушди сайёҳии экологӣ такмили инфрасохтори қабул ва хизматрасонии сайёҳон, ташкили марказҳои боздид, инчунин таҳияи тавсияҳои амалӣ оид ба истифодаи устувори иқтидори иқтисодии ин мавзеъҳоро бо риояи талаботи ҳифзи муҳити зист муҳим арзёбӣ намуданд.
Волфганг Майрхофер дорои таҷрибаи байналмилалӣ дар самтҳои банақшагирӣ ва рушди устувори мавзеъҳои сайёҳӣ, ташкили инфрасохтори хизматрасонӣ ва татбиқи равишҳои муосири идоракунии соҳа буда, бо Фонди дастгирии барномаҳои давлатӣ (ISCM Foundation) ҳамкорӣ менамояд. Истифодаи чунин таҷрибаи байналмилалӣ барои омӯзиши имконоти мавҷуда ва мутобиқ намудани таҷрибаи пешқадам ба шароити Тоҷикистон мусоидат менамояд.
Ҳамзамон бо мақсади омӯзиши вазъи воқеӣ ва арзёбии имконоти амалии рушди сайёҳии экологӣ боздиди коршинос аз мавзеъҳои кӯлҳои Аловиддин, Ҳафткӯл ва Искандаркӯл ба нақша гирифта шудааст. Зимни боздидҳо масъалаҳо оид ба иқтидори табиию сайёҳии мавзеъҳо, ҳолати инфрасохтор ва хизматрасониҳои мавҷуда, имконияти ташкили марказҳои боздид, хатсайрҳои сайёҳии экологӣ, ҷойҳои истироҳат ва иқомат, хизматрасонии роҳбаладӣ, инчунин механизмҳои ҷалби бахши хусусӣ ва сармоягузорӣ мавриди омӯзиш қарор дода мешаванд.
Интизор меравад, ки натиҷаи сафари мазкур барои муайян намудани равишҳои минбаъдаи рушди сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои сайёҳӣ, ташкили ҷойи нави кор ва фароҳам овардани имконоти иловагии даромад барои аҳолии маҳаллӣ, инчунин ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ ба инфрасохтори экологию сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Ҳамзамон татбиқи тавсияҳои дахлдор метавонад ба ташаккули модели муосири идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мусоидат намояд. Дар он рушди фаъолияти сайёҳӣ бо ҳифзи экосистемаҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ, танзими ҷараёни сайёҳон ва истифодаи устувори захираҳои табиӣ ҳамоҳанг карда мешавад.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон