Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вилояти Хатлон ҳамкории байниминтақавиро бо субъектҳои Федератсияи Русия фаъолона рушд дода, иқтидори иқтисодӣ ва гуманитарии худро бо вилояти Пенза дар доираи созишномаи нави ҳамкорӣ густариш медиҳад. Дар ин хусус 22 октябр зимни вохӯрии Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо муовини раиси Маҷлиси қонунгузории вилояти Пензаи Федератсияи Русия Сергей Мельников иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Иброз шуд, ки вилояти Хатлон дар айни замон бо якчанд субъекти Федератсияи Русия, аз ҷумла вилоятҳои Астрахан, Омск, Оренбург, Челябинск, Киров, Ленинград, Пенза, Иваново, Новосибирск, Свердловск, Ярославл, инчунин Ҷумҳурии Бошқирдистон ва кишвари Олтой созишнома ва ёддоштҳои ҳамкориро амалӣ менамояд. Имзои созишномаи нав бо вилояти Пенза соли равон қадами муҳим дар ин самт арзёбӣ шуд.
Зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба имконоти вилояти Хатлон дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, сайёҳӣ, энергетика ва коркарди маҳсулот равона карда шуд. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорату иқтисод, табодули таҷриба дар бахши агросаноатӣ, амалӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими робитаҳои гуманитарӣ аз ҷумлаи самтҳои калидии фаъолияти минбаъда муайян карда шуданд.
Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди ҳамкории байниминтақавӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва афзоиши содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон