Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 24.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026», ки 22-23 октябри соли 2026 дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар баргузор гардид, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Раиси вилояти Хуросони Разавии Ҷумҳурии Исломии Эрон Ғуломҳусейн Музаффарӣ мулоқот намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ муҳокима гардиданд.

Мусоҳибон истифодаи имконияти саноатӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маъдан, истеҳсоли доруворӣ, паркҳои саноатӣ, нассоҷӣ ва саноати хӯроквориро баррасӣ намуданд.

АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"