Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байнисоҳавӣ таҳти унвони «Ҳифзи кӯдакон ва таблиғи ғизои носолим: далелҳо, муколамаи сиёсӣ ва қадамҳои минбаъда барои Тоҷикистон» доир шуд, иттилоъ медиҳад

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳамоиши байнисоҳавӣ таҳти унвони «Ҳифзи кӯдакон ва таблиғи ғизои носолим: далелҳо, муколамаи сиёсӣ ва қадамҳои минбаъда барои Тоҷикистон» доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар ҳамоиш муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода гуфт, ки ғизои носолим маҳсулотест, ки дорои миқдори зиёди равғанҳои зарарнок, шакар, намак ва иловаҳои сунъӣ буда, калорияи баланд ва арзиши ғизоии хеле паст дорад. Чунин хӯрокҳо организмро бо витамину минералҳои зарурӣ таъмин намекунанд ва сабаби асосии пайдоиши бемориҳо  мегарданд.

«Барои пешгирии ғизои носолим, хусусан барои кӯдакон тамоми вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд бояд дар якҷоягӣ талош намоянд»,–баён доштанд иштирокдорони ҳамоиш.

Инчунин дар ҳамоиш натиҷаҳои таҳқиқот оид ба таблиғи телевизионии маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои барои кӯдакон пешбинишуда ва таъсири он ба саломатии кӯдакон муаррифӣ ва баррасӣ гардиданд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҳамоиш  доир ба муайян намудани тадбирҳои минбаъда барои маҳдуд намудани таблиғи маҳсулоти дорои миқдори зиёди равған, шакар ва намак мубодилаи афкор намуданд.

Таъкид гардид, ки маркетинг ва тамғагузорӣ ду рукни асосии пешбурди ҳама гуна тиҷорат ва маҳсулот мебошанд.

Агар маркетинг роҳи ба даст овардани муштариён бошад, тамғагузорӣ асбобест, ки шахсият ва симои ширкатро муаррифӣ мекунад. Дар ин рӯзҳо дар бештари маҳсулоти истеъмоли тамғагузорӣ ва маркетинг ба пуррагӣ риоя намешавад.

Гуфта шуд, ки истеъмоли мунтазами ғизои носолим ба вайроншавии ҷиддии саломатӣ, пайдоиши бемориҳои музмин ва кӯтоҳшавии давомнокии умри инсон  оварда мерасонад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"