Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода дар шаҳри Бағдод бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ оид ба равобити дуҷониба Муҳаммад
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода дар шаҳри Бағдод бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ироқ оид ба равобити дуҷониба Муҳаммад Баҳр Ал-Улум мулоқот анҷом дод. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманд байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ироқ табодули афкор намуда, маҷмуи масъалаҳои марбут ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.
Дар ин замина, ҷонибҳо ба масъалаҳои таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва қарордодии муносибатҳои ду мамлакат, густариши ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодӣ, рушди робитаҳо дар соҳаҳои энергетика ва кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, афзоиши ҳаҷми гардиши савдо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҳамзамон масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амният ва муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм, инчунин густариши робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сайёҳӣ, маориф, илм ва фарҳанг мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо идомаи ҳамкории судманд ва таҳкими робитаҳои дуҷонибаро таъкид намуда, бар аҳамияти идомаи муколамаи созанда ва тақвияти ҳамоҳангии ду мамлакат ба хотири татбиқи имконоти мавҷуда ва пешбурди самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ изҳори омодагӣ карданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон