Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 26.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 октябр Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ бо Вазири нафт ва раиси Шурои мудирони Корпоратсияи нафти Кувайт Ториқ Сулаймон Ар-Румӣ вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот, зимни арзёбии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Кувайт, вазъи кунунӣ ва чашмандози густариши ҳамкорӣ байни ду мамлакат дар соҳаи нафту газ ва мавзуъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт