Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасони солҳои таваллуди 2010–2014 оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.
Дар мусобиқа паҳлавонони навраси шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва меҳмонон аз Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок доранд.
Зимни ифтитоҳи мусобиқа Раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Маҳмуд Амирзода иброз намуд, ки баргузории чунин мусобиқаҳо дар тарбияи ҷисмонии наврасону ҷавонон, рушди варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими дӯстиву рафоқат ва муаррифии истеъдодҳои ҷавон нақши муҳим дорад.
Мусобиқа барои варзишгарони наврас имконияти хубе аст, то маҳорати варзишии худро нишон дода, таҷриба андӯзанд ва робитаҳои дӯстонаро бо ҳамсолонашон аз давлатҳои ҳамсоя таҳким бахшанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ