Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 08.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунари дастӣ яке аз роҳҳои зебои ифодаи завқу истеъдод, эҷодкорӣ ва ҳунармандии инсон ба шумор меравад. Имрӯз ҷавонони зиёде дар баробари таҳсилу фаъолияти касбӣ ба ҳунарҳои мардумӣ ва сохтани маҳсулоти дастӣ таваҷҷуҳ доранд. Яке аз онҳо Сафина Шодиева мебошад, ки бо истифода аз муҳра, марворид, сангҳои ороишӣ ва қатрон (смола) намудҳои гуногуни ороишоти занона омода мекунад.
Сафина Шодиева хатмкардаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ҳоло дар курси якуми магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамояд. Ӯ дар баробари омӯзиши забонҳо ва идомаи таҳсил чанд сол боз ба сохтани ороишоти дастӣ машғул аст.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки шавқу рағбат ба корҳои дастӣ аз давраи кӯдакӣ дар вуҷудаш пайдо шуда, бо гузашти вақт ба шуғли дӯстдошта ва баъдан ба яке аз манбаъҳои даромадаш табдил ёфт.
«Аз хурдӣ ба корҳои дастӣ ва офаридани ашёи гуногун шавқи зиёд доштам. Бо мурури замон таваҷҷуҳам бештар ба сохтани ороишоти дастӣ равона гардид. Дар аввал ин корро танҳо ҳамчун шуғл оғоз кардам, вале ҳар қадар бештар эҷод мекардам, ҳамон андоза ҳунар ба қисми ҷудонашавандаи ҳаётам табдил меёфт», – иброз дошт ҳунарманди ҷавон.
Ҳамсуҳбати мо ба ёд оварда, гуфт, ки нахустин қадами худро дар ин самт чор сол пеш гузошта буд. Ба муносибати тӯйи яке аз наздиконаш бори аввал ороиши мӯй барои арӯс омода кардааст. Ҳарчанд он кори сода буд, аммо барои Сафина оғози роҳи нави эҷодӣ гардид ва ба ӯ боварӣ бахшид, ки метавонад бо завқу маҳорати худ ороишоти зебо созад.
Ҳоло Сафина бо истифода аз муҳраҳои шишагин, кристаллӣ, марворидҳои сунъию табиӣ, сангҳои ороишӣ, симҳои махсус, риштаҳои мустаҳкам ва дигар лавозимоти зарурӣ гӯшвор, дастбанд, гарданбанд, ангуштарин, ҷузвдонҳои занона ва намудҳои гуногуни ороишот омода мекунад.
Ҳунарманди ҷавон афзуд, ки ҳангоми интихоби мавод, пеш аз ҳама, ба сифат ва устувории он аҳамият медиҳад, зеро мехоҳад маҳсулоти омодакардааш на танҳо зебо, балки барои истифодаи дарозмуддат низ мувофиқ бошад.
Ба ақидаи ҳамсуҳбати мо, вақти омода намудани маҳсулот аз навъ ва мураккабии он вобастагӣ дорад. Масалан, барои сохтани баъзе намудҳои гӯшвор, дастбанд ва ангуштарин як-ду соат кофӣ бошад, вале омода намудани маҳсулоти мураккабтар метавонад чанд рӯзро талаб намояд.
Сафина Шодиева ҳангоми таҳияи тарҳҳои нав бештар аз эҷодиёти ҳунармандони кишварҳои гуногун илҳом мегирад. Пайваста навгониҳоро меомӯзад ва мекӯшад дар баробари истифодаи таҷрибаи дигарон услуби хоси худро ташаккул диҳад. «Ман кӯшиш дорам, ки дар корҳои эҷодиам анъанаҳои миллӣ ва нақшу нигори тоҷикиро бештар истифода барам. Мехоҳам маҳсулоте офарам, ки дар баробари зебоӣ бозгӯйи завқ, фарҳанг ва ҳунари миллии мо бошад», – мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Ин ҳунарманди ҷавон дар ин самт асосан мустақилона рушд мекунад ва роҳнамои доимӣ надорад. Омӯзиши мустақилона, ҷустуҷӯи роҳҳои нави эҷодӣ ва шиносоӣ бо навгониҳои соҳа ба такмили маҳорати касбӣ низ мусоидат карда метавонад. Яке аз самтҳои ҷолиби фаъолияти Сафина Шодиева истифодаи қатрон (смола) барои нигоҳ доштани гулҳои табиӣ ва омода намудани ороишоти хотиравӣ мебошад. Ба ақидаи ӯ, ин идея пас аз суҳбат бо яке аз муштариёнаш пайдо шудааст.
«Боре яке аз муштариён аз ман пурсид, ки оё аз гули зинда чизе сохтан мумкин аст, ки ҳамчун хотира солҳои зиёд боқӣ монад. Он вақт ба ёдам омад, ки бо истифода аз қатрон метавон ашёҳои гуногунро нигоҳ дошт. Аммо мутмаин набудам, ки гули табиӣ пас аз гузашти вақт шаклу намуди худро нигоҳ медорад», – афзуд ҳунарманд.
Тавре ин ҳунарманд мегӯяд, барои таҷриба боре баргҳои гулеро хушк карда, бо истифода аз қатрон ороиш омода кардааст. Пас аз гузашти вақт мушоҳида намудааст, ки баргҳо шаклу намуди худро нигоҳ доштаанд. Ин таҷриба ба ӯ боварӣ бахшидааст, ки метавонад чунин маҳсулотро ба муштариён низ пешниҳод намояд.
Ҳарчанд Сафина ба офаридани ороишоти дастӣ шавқу рағбати зиёд дорад, аммо дар фаъолияти ҳунарманди ҷавон баъзе мушкилот низ ҷой доранд. Ба андешаи ҳунарманд, пайдо намудани маводи босифат барои сохтани ороишот ва муаррифии маҳсулот ба доираи васеи муштариён аз масъалаҳое мебошанд, ки ҳалли он барои рушди минбаъдаи фаъолияташ муҳим аст.
Мо аз Сафина пурсидем, ки оё то кунун барои рушди фаъолияти ҳунармандияш ба ягон ниҳоди дахлдор лоиҳаи грантӣ пешниҳод кардааст. Дар посух ҳунарманд иброз дошт, ки қаблан дар ин хусус андеша карда буд, аммо бинобар надоштани маълумоти кофӣ дар бораи он ки ба куҷо ва бо кадом тартиб бояд муроҷиат намояд, аз амалӣ сохтани ин нияташ даст кашидааст.
Ба иттилои ҳамсуҳбати мо, соли равон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бренди шахсии худро бо номи «Дастбофт» таъсис додааст. Дар доираи он маҳсулоти омоданамудаашро ба муштариён пешниҳод карда, фармоиш мегирад. Ҳамзамон Сафина мехоҳад барои ҷавондухтарон машғулияти омӯзишӣ ташкил намояд, то онҳо низ ба ин ҳунар ҷалб гардида, маҳораташонро рушд диҳанд.
Сафина Шодиева ба ҷавононе, ки мехоҳанд ба ҳунари дастӣ машғул шаванд, тавсия медиҳад, ки аз оғози кор натарсанд ва барои амалӣ намудани идеяҳои эҷодияшон талош намоянд. «Муҳим он аст, ки инсон кореро, ки дӯст медорад, бо муҳаббат оғоз кунад ва дар роҳи расидан ба мақсад устувор бошад. Ҳатто агар дар аввал натиҷа чандон хуб набошад ҳам, набояд аз идомаи кор даст кашид. Таҷриба ва маҳорат бо гузашти вақт такмил меёбанд»,-таъкид намуд ҳунарманди ҷавон.
Фаъолияти Сафина Шодиева намунаи он аст, ки шавқу рағбати кӯдакӣ метавонад бо талошу омӯзиши пайваста ба ҳунар ва манбаи даромад табдил ёбад.
Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»
АКС аз муаллиф