ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 октябри соли 2026 дар ноҳияи Зафаробод нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз муҳлати муқарраргардида иҷро гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробрд хабар медиҳад.

Ин дастоварди муҳим аз ҳисси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва садоқати ҷавонони ноҳияи Зафаробод ба Ватан шаҳодат медиҳад. Ҷавонони ватандӯсту далери ноҳия бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва қарзи фарзандӣ дар назди Ватан ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста, омодагии худро барои ҳифзи марзу буми мамлкат ва таъмини амнияти давлату миллат нишон доданд.

Дар иҷрои саривақтӣ ва пурраи нақшаи даъвати тирамоҳӣ саҳми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбарият ва кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳия, инчунин масъулони соҳа назаррас мебошад. Тадбирҳои андешидашуда дар самти ташкили маъракаи даъват, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонон ва волидони онҳо, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ ба натиҷаҳои назаррас мусоидат намуданд.

Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарзи муқаддаси ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби ҷасорат, мардонагӣ, интизом ва садоқат ба давлату миллат маҳсуб меёбад. Ҳимояи Ватан ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» 1 октябр даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид, ки то 30 ноябр идома меёбад.

АКС: Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Зафаробод

Источник: АМИТ "Ховар"