Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 01.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар нуҳ моҳи соли 2026 даромади Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» нисбат ба ҳамин давраи соли 2025 152,2 фоизро ташкил додааст. Дар ин давра муросилоти содиротӣ 103 фоиз, муросилоти воридотӣ 136,5 фоиз ва муросилоти почтаи фаврии содиротию воридотӣ 103 фоизро ташкил додаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин корхона хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки обуна ба нашрияҳои даврӣ 108,5 фоиз, ирсоли маблағҳои дохилӣ 103 фоиз ва ирсоли маблағҳои байналмилалӣ 113 фоиз афзоиш ёфтааст.
«Почтаи Тоҷикистон» дар асоси таҷдиди сохторӣ бо мақсади рушди ҳамоҳангу самараноки бахши муросилоти мамлакат фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст. Ин имконият медиҳад, ки хизматрасонии почтавӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат бо сифат ва суръати баланд ба марҳилаи нав ворид гардад.
Дар шароити муосир, ки технологияҳои рақамӣ, интернет, тиҷорати электронӣ ва воситаҳои нави иртиботӣ бо суръати баланд рушд мекунанд, низоми почта низ ба марҳилаи нави тағйироти сохторӣ ворид шудааст. Имрӯз почта ба низоми бисёрҷанба табдил ёфта, хизматрасониҳои логистикӣ, тиҷорати электронӣ, хизматрасониҳои молиявӣ, интиқоли байналмилалӣ, рақамикунонӣ, идоракунии занҷираи таъминот ва дигар самтҳои ба иқтисоди рақамӣ алоқамандро дар бар мегирад.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳайати Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» дар айни замон 3 филиали вилоятӣ, 64 маркази почтаи шаҳрӣ ва ноҳиявӣ ва 470 шуъбаи почта фаъолият доранд.
АКС: АМИТ «Ховар»