ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 октябр, ҷумъа, 289-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
16 октябри соли 2013 бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд корхонаи саноатии «Суғд Пак» ба кор дароварда шуд.
***
12 сол пеш, 16 октябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе Эъломияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон ба имзо расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони Агентии иттилоотии амрикоии «United World» мусоҳиба ороста, ба суолҳои онҳо доир ба таърихи муосири Тоҷикистон посух доданд.
***
16 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҷаласаи навбатии Шурои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил суханронӣ намуданд.
***
9 сол пеш, 16 октябри соли 2017 дар «Кохи Сомон» таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷлосияи дуюми Форуми иқтисодӣ ва ҳамкории арабӣ бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз ҳуқуқи конститутсионии худ, дар асоси принсипи инсондӯстонаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба муносибати 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
***
16 октябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Мурғи аълосифат» оғоз бахшиданд.
16 ОКТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии ғизо.
***
Рӯзи ҷаҳонии нон.
***
Рӯзи ҷаҳонии анестизиологҳо.
***
Дар Тоҷикистон -Рӯзи кинои тоҷик.
РӮЙДОДҲО:
16 октябри соли 1923 ширкати кинои Уолт Дисней таъсис ёфт.
***
Дар ин рӯзи соли 1942 бар асари тӯфон дар Бенгалия (Ҳиндустон) 40 ҳазор нафар ҳалок шуданд.
***
16 октябри соли 1964 Чин нахустин озмоиши яроқи ҳастаӣ гузаронид.
***
16 октябри соли 2013 масоили вақт ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид.
***
16 октябри соли 2014 дар Остона Конфронси илмӣ-амалии байналмилалии «Амнияти иттилоотӣ дар дурнамои стратегияи «Қазоқистон -2050» баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Рӯзҳои фарҳанги Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардиданд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1923 патент барои ихтирои соати худкор гирифта шуд.
***
Соли 1930 шумораи нахустини рӯзномаи «Moscow News» ба забони англисӣ нашр гардид.