Сафири Тоҷикистон бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ироқ мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар шаҳри Бағдод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ҷумҳурии Ироқ
ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 сентябр дар шаҳри Бағдод мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ироқ Зубайдулло Зубайдзода бо раиси Маркази миллии ҳамкории судии байналмилалии Ҷумҳурии Ироқ Алӣ Ҳусайн Ал-Ҷаффот баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон хабар доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Ироқ дар соҳаи ҳуқуқ ва адлия табодули афкор намуда, масъалаҳои марбут ба таҳкими робитаҳои судию ҳуқуқии ду мамлакатро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо ба таҳкими заминаи ҳуқуқии ҳамкории дуҷониба, густариши робитаҳо байни мақомоти судӣ ва ниҳодҳои дахлдор, инчунин табодули таҷриба ва иттилооти ҳуқуқӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар ин замина аҳамияти идомаи муколамаи мустақим ва таҳкими робитаҳои касбӣ байни мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон ва Ироқ таъкид гардида, омодагӣ барои истифодаи имконияти мавҷуда ба хотири рушди ҳамкорӣ дар самти адлия ва ҳамкории судии байналмилалӣ изҳор карда шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Салтанати Умон