Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши робитаҳои дуҷониба ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар самти илм ва технология имрӯз дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо муовини директори генералии Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Хушэнг Сю баррасӣ гардиданд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо ба масъалаҳои ба роҳ мондани таҳқиқоти муштарак дар соҳаҳои энергетика, геология, сейсмология, ҳифзи муҳити зист, омӯзиши захираҳои табиӣ, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Ҳамчунин имкониятҳои ташкили ҳамоишу конференсияҳои муштараки илмӣ, сафарҳои омӯзишии олимону муҳаққиқон, табодули таҷрибаи мутахассисон ва ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба барномаҳои байналмилалии илмӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Иброз гардид, ки густариши ҳамкорӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои технологӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва татбиқи натиҷаҳои таҳқиқот дар истеҳсолот мусоидат намояд.

Ҳамзамон дар мулоқот мусоҳибон барои бунёд ва мавриди истифода қарор додани озмоишгоҳи наву замонавӣ дар заминаи Маркази илмӣ-таҳқиқотии экология ва муҳити зисти Осиёи Марказӣ (Душанбе)-и академия ба мувофиқа расиданд.

Таъкид шуд, ки таъсиси озмоишгоҳ барои таҳкими заминаи моддию техникии марказ, фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист, гузаронидани ташхису таҳлилҳои муосири озмоишгоҳӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"