Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор бо ташаббуси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия — бахтномаи миллат ва пояи давлатдории миллӣ» конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар конференсия раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ доир ба аҳамияти Конститутсия дар таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҷомеа сухан намуд.

Иброз гардид, ки ҳуқуқ ба таҳсил, касбомӯзӣ ва интихоби касбу кор аз кафолатҳои муҳими конститутсионӣ буда, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ дар татбиқи амалии ин ҳуқуқҳо ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат нақши муҳим доранд.

Иштирокдорони ҳамоиш доир ба заминаҳои ҳуқуқии Конститутсия, ҳуқуқи занону ҷавонон, кафолатҳои меҳнатӣ, рушди таҳсилоти касбӣ ва тарбияи шаҳрвандони дорои маърифати ҳуқуқӣ маърузаҳо пешниҳод намуданд. Зарурати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, эҳтиром ба арзишҳои конститутсионӣ ва тарбияи мутахассисони ватандӯсту масъулиятшинос таъкид гардид.

Дар анҷоми конференсия як зумра собиқадорон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар рушди соҳа бо унвони «Аълочии соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"