Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ҳамоиши идона доир шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Файзалӣ Идизода иброз дошт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Он дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи муҳим ва сарнавиштсоз ба шумор меравад. Ин санади олии ҳуқуқӣ заминаҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии рушди давлати соҳибистиқлоли моро муайян намуда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин принсипҳои ташкили ҳокимияти давлатиро муқаррар кардааст.
Ин санади муҳимму тақдирсози миллат, ки бо талошҳои хастагинопазир ва ташаббусҳои оқилонаву дурбинонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ирода ва манфиатҳои аксари мутлақи мардуми мамлакат таҳия ва қабул гардид, барои ба эътидол овардани вазъияти ноороми он замон, суботи ҷомеа, ризоияту ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистон заминаҳои воқеӣ фароҳам овард.
Дар воқеъ, замоне, ки Тоҷикистон дар ҳолати буҳрони бисёр шадиди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ қарор дошт, бо ташаббуси бевосита, хиради волову қобилияти дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардидани чунин санад бо тарзу усул ва мазмуну моҳияти ҷавобгӯ ба талаботи ҷаҳони муосир барои аз вартаи нобасомониҳо берун кашидани кишвар ва наҷоти миллат нақши басе муассир гузошт.
Яке аз арзишҳои муҳимми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф ва кафолат додани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Ҳифзи шаъну шарафи инсон, баробарии шаҳрвандон дар назди қонун, ҳуқуқ ба таҳсил, меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимме мебошанд, ки дар низоми ҳуқуқии кишвар ҷойгоҳи хос доранд.
Дар ин раванд Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми қонунгузор дар таҳия ва қабули қонунҳое, ки ба такмили низоми ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат мусоидат мекунанд, нақши муҳим дорад.
«Вазифаи мо, вакилон аз он иборат аст, ки зимни фаъолияти қонунгузорӣ манфиатҳои давлату миллат ва ниёзҳои воқеии шаҳрвандонро ба назар гирифта, дар таҳкими волоияти қонун, рушди устувори кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳм гузорем», -изҳор дошт Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон