Дар Остона Конфронси байналмилалии иқтисодии Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Конфронси байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Ба сӯйи рушди мутавозини иқтисодӣ» ба кори худ оғоз намуд. Чорабинӣ бо ташаббуси Фонди авруосиёии субот ва рушд доир шуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар конфронс намояндагони ниҳодҳои масъули таҳия ва татбиқи сиёсати иқтисодӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва коршиносон масъалаҳои марбут ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими суботи молиявӣ ва дурнамои рушди дарозмуддати кишварҳои минтақаи Авруосиёро баррасӣ намуданд.

Директори идоракунандаи Фонди авруосиёии субот ва рушд Ярослав Мандрон иброз намуд, ки яке аз вазифаҳои муҳими фонд фароҳам овардани имконияти вокуниши фаврӣ ва қабули қарорҳои саривақтӣ дар шароити буҳронҳои иқтисодӣ мебошад.

«Вазифаи мо доштани абзори вокуниши фаврӣ ва қабули фаврии қарорҳо дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои буҳронӣ мебошад. Мехостам, ки Фонд ба ниҳоде табдил ёбад, ки на танҳо ба буҳрон вокуниш нишон медиҳад, балки ба кишварҳои мо дар нигоҳ доштани он таконе, ки имрӯз минтақаи мо дорад, кумак мекунад», – изҳор дошт Ярослав Мандрон.

Барномаи конфронс масъалаҳои асосии сиёсати макроиқтисодӣ ва таъмини устувории молияи давлат, арзёбии иқтидори иқтисодӣ ва омилҳои рушди дарозмуддат, равандҳои демографӣ, тағйироти сохтории бозори меҳнат ва муҳоҷиратро фаро гирифт. Ҳамзамон масъалаҳои таъсиси ҷойҳои кории дорои ҳосилнокии баланд ва рушди сармояи инсонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Қисмати аввали чорабинӣ бо баргузории ҷаласаи умумӣ таҳти унвони «Дар сафи пеш мондан: афзалиятҳои сиёсати иқтисодӣ дар давраи нав» доир шуд. Иштирокчиён дар ин ҷаласа масъалаҳои таъмини тавозун миёни ҳавасмандгардонии рушди иқтисодӣ, нигоҳдории устувории молияи давлатӣ ва назорати таваррумро баррасӣ намуданд.

Ҳамчунин ба самаранокии хароҷоти давлатӣ барои рушди инфрасохтор ва татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ, идоракунии тағйироти сохторӣ, дигаргуншавии самтҳои тиҷорату логистика ва пешгирии қафомонии технологӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Дар доираи конфронс муаррифии гузориши асосии Фонди авруосиёии субот ва рушд таҳти унвони «Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеиятҳо ва чолишҳо» пешбинӣ шудааст. Дар гузориш вазъи бозори меҳнати кишварҳои Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон таҳлил гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Фонди авруосиёии субот ва рушд механизми минтақавии маблағгузорӣ буда, дорои захираҳои молиявӣ ба маблағи 9,8 миллиард доллари ИМА мебошад. Фонд соли 2009 бо иштироки Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Ҳадафи асосии фонд мусоидат ба таъмини суботи иқтисодию молиявии кишварҳои узв ва дастгирии рушди устувори онҳо мебошад. Он ҳамчун ҷузъи минтақавии низоми ҷаҳонии ҳифзи суботи молиявӣ дар минтақаи Авруосиё фаъолият менамояд.

Лайло ТОИРӢ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"