Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии

ДУШАНБЕ, 14.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Боку дар ҳошияи Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев мулоқот намуданд.

​Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос намуданд.

​Зимни суҳбат масоили таҳкими дӯстӣ  ва густариши ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.

​Тақвияти ҳамкорӣ дар ҷаҳорчуби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ низ аз мавзӯъҳои муҳими суҳбат буд.

Источник: АМИТ "Ховар"