Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар ҳошияи ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаиқил, вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои

ДУШАНБЕ, 03.10.2026 /АМИТ «Ховар»/.   Дар ҳошияи ҷаласаи 36-уми Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустаиқил, вохӯрии Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода ва Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов баргузор гардид. Дар ин хусус  АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Александр Баженовро бо таъиноташон ба вазифаи Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии ИДМ табрик гуфта, изҳор намуданд, ки таҷрибаи васеъ ва касбияташон ҳамчун пояи боэътимод барои рушди минбаъдаи ҳамкории ҳуқуқӣ байни прокуратураҳои генералии кишварҳои ИДМ хизмат хоҳад кард.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои такмили минбаъдаи фаъолияти Котиботи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ (ШҲПГ ИДМ)-ро ҷиҳати ҳамоҳангсозии кӯшишҳои муштараки мақомоти прокуратура дар мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини волояти қонун ва таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ дар минтақа баррасӣ намуданд.

Нақши муҳими Котибот дар рушди робитаҳои мустақими касбӣ ва ҳамкории амалии байни мақомоти назоратии кишварҳои иштирокчӣ бошад, махсусан қайд карда шуд.

АКС: Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"