Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 18.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 18 то 20 ноябр дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон Намоишгоҳи 14-уми байналмилалии китоб баргузор мегардад. Дар гӯшаи Тоҷикистон намунаҳои беҳтарини китобҳои тозанашри муассисаҳои нашриявии ватанӣ пешниҳод шудаанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, зимни ифтитоҳи намоишгоҳ намояндаи Тоҷикистон оид ба сиёсати фарҳангпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаи табъу нашр ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти китобдорӣ сухан гуфт.
Инчунин дар гӯшаи Тоҷикистон китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намоиш гузошта шудаанд, ки мавриди таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиён ва меҳмонон қарор гирифтанд.
Иштироки Тоҷикистон дар ин чорабинии байналмилалӣ қадами муҳим дар самти муаррифии дастовардҳои ноширӣ, тарғиби мероси адабию фарҳангии миллӣ ва таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни давлатҳо мебошад.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон