Натиҷаҳои озмуни тақсимоти давраи сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян мегарданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муайян гардидани натиҷаҳои даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ- 2026  2 октябр ва эълони натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус

ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муайян гардидани натиҷаҳои даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ- 2026  2 октябр ва эълони натиҷаи озмуни тақсимоти асосӣ 4 октябр ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки 27 сентябр даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2026 оғоз шуд.

Дар ин давр имтиҳонҳо дар 36 маркази имтиҳонии шаҳру ноҳияҳои Душанбе (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур), Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Ёвон ва Рашт, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии шаҳрҳои гуфташуда ташкил гардидаанд, баргузор шуданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"