Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 02.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон оид ба ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 машварати корӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.

Дар машварат иҷрои вазифаҳои пешбининамудаи стратегия, тақвияти фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, баланд бардоштани самаранокии корҳои илмӣ, рушди технологияҳои инноватсионӣ, таҳкими заминаи моддию техникии озмоишгоҳҳо ва густариши ҳамкории илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ба масъалаҳои омода намудани мутахассисони ҷавон, дастгирии олимону муҳаққиқон, рушди фаъолияти ихтироъкорӣ, татбиқи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот ва таҳкими ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо корхонаҳои саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Таъкид гардид, ки барои иҷрои пурра ва саривақтии ҳадафу вазифаҳои пешбининамудаи стратегия зарур аст, ки фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ боз ҳам тақвият ёфта, ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ, истифодаи самараноки имконияти мавҷуда ва амалӣ намудани натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ дар истеҳсолот вусъат дода шавад.

Президенти Академияи миллии илмҳо Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 яке аз санадҳои муҳими стратегӣ дар самти рушди илм, таҳқиқоти бунёдию амалӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва татбиқи технологияҳои муосир ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт якчанд тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, барои рушди таҳқиқоти бунёдию амалӣ, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои илмӣ, таъсис ва муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳои муосир, омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ, дастгирии олимони ҷавон, густариши ҳамкории байналмилалии илмӣ ва татбиқи дастовардҳои илмию инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ корҳои назаррас анҷом дода шуданд.

Дар анҷоми машварат барои тақвияти фаъолияти муассисаҳои илмии Академияи миллии илмҳо, таъмини иҷрои босифат ва саривақтии бандҳои дахлдори стратегия, таҳияи пешниҳодҳои мушаххас ва густариши ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои масъул дастурҳои дахлдор дода шуданд.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"