Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар соли 2026 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар»

ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар »/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даври шаҳрии озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дар соли 2026 баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  академия.

Дар даври якуми озмун донишу малака ва сатҳи омодагии касбии иштирокдорон аз рӯйи якчанд самт санҷида шуд. Аз ҷумла, иштирокдорон бо забони давлатӣ иншо навишта, аз забони русӣ диктант иҷро намуда, донишу малакаи худро дар самти истифодаи технологияҳои иттилоотӣ тавассути санҷиши тестӣ нишон доданд.

Дар даври дуюми озмун бо иштирокдорон суҳбат гузаронида шуда, дар натиҷаи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун иштирокчиёни сазовор ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат хоҳанд гирифтанд.

Ҳадафи асосии баргузории озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» дастгирӣ намудани иқтидори роҳбарӣ ва касбии занон, мусоидат ба иштироки бештари онҳо дар идоракунии давлатӣ, тақвияти нақши занон дар рушди хизмати давлатӣ ва ташаккули захираи кадрии баландихтисос аз ҳисоби занону духтарони болаёқат мебошад.

АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"