Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 ноябри соли 2026 аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол пур мешавад. Ба ин муносибат дар шаҳри Хуҷанд ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ медиҳад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода иштирокчиёни ҳамоиш ва сокинони вилоятро ба муносибати Рӯзи Конститутсия табрик намуда, аз таърихи қабули ин санади сарнавиштсоз, нақши он дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва муаррифии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд.
Иброз гардид, ки таҷлили Рӯзи Конститутсия дар рӯзҳое баргузор мегардад, ки дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд 84 иншооти таъйиноти гуногун бо фароҳам овардани беш аз 2000 ҷойи кор мавриди истифода қарор гирифтанд.
Таъкид шуд, ки ин ҳама корҳои ободониву созандагӣ самараи истиқлоли давлатӣ, сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми соҳибкорону сокинон дар ободонии Ватан мебошанд.
Конститутсия барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ташаккули давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи ҳуқуқӣ фароҳам овард. Қабули ин санади муҳим тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар таҳкими сулҳу субот, барқарорсозии қонунияту тартибот, таъмини ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии мамлакат нақши муҳим гузошт.
Маҳз дар ин санади олии ҳуқуқӣ муҳимтарин арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, принсипҳои давлатдорӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шаҳрвандон муқаррар гардидаанд.
Дар идомаи ҳамоиш барномаи адабию фарҳангӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд