Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" · · g1221874
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026», ки 29 сентябр дар Душанбе оғоз гардид, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо
ДУШАНБЕ, 30.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми байналмилалии «TAJ-TECH 2026», ки 29 сентябр дар Душанбе оғоз гардид, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо бо директори ширкати «Бейонд Инвестментс Груп» Леандро Словински мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, табодули таҷриба, ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои технологӣ ва дастгирии ташаббусҳои инноватсионӣ баррасӣ гардиданд.
Гуфта шуд, ки ин мулоқот метавонад барои густариши робитаҳо ва муайян кардани самтҳои ҳамкории минбаъда замина гузорад. Ҷалби сармояи шарикони байналмилалӣ бо назардошти имконоти кишвар метавонад ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва рушди иқтисоди рақамӣ мусоидат намояд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон