Дар Ашқобод Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд, дар чорабинӣ аҳаммияти ин санаи таърихӣ, ки ҳамасола 6 ноябр дар кишварамон ҷашн гирифта мешавад, таъкид шуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳия ва қабули ин санади сарнавиштсоз таъкид намуд.

Сафир ҳамчунин иброз дошт, ки Конститутсия ифодагари иродаи мардуми тоҷик буда, барои таҳкими пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона заминаи устувор фароҳам овардааст.

Дар идомаи чорабинӣ кормандони дипломатии Сафорат доир ба таърихи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаҳои такмили он тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ва аҳаммияти меъёрҳои конститутсионӣ маълумот пешниҳод намуданд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон

Источник: АМИТ "Ховар"