Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси C5+1 SI дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии

ДУШАНБЕ, 06.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси C5+1 SI дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон.

Конфронс ба рушди зеҳни сунъӣ, таҳкими ҳамкории рақамӣ ва густариши шарикии технологӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бахшида шуд.

Дар доираи ҷаласаи канории конфронс муовини якуми директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҳаким Исмоилзод дастовардҳои Тоҷикистонро дар самти рушди зеҳни сунъӣ ва раванди гузариш ба низоми рақамӣ муаррифӣ намуд. Ҳамзамон доир ба дурнамои тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ, татбиқи технологияҳои зеҳни сунъӣ ва рушди ташаббусҳои муштарак дар соҳаи рақамикунонӣ мубодилаи афкор доир шуд.

Конфронси C5+1 SI дар доираи AI MONTH 2026 баргузор гардида, намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, бахши технологӣ ва коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро барои баррасии масъалаҳои рушди зеҳни сунъӣ, инфрасохтори рақамӣ, омодасозии кадрҳо ва ҳамкории технологӣ ба ҳам овард.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"