Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод
ДУШАНБЕ, 02.10.2026 /АМИТ «Ховар»/ . Бахшида ба оғози маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда доир шуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Рӯзи даъватшаванда бо роҳпаймоии даъватшавандагон ва бо садои карнаю сурнай таҳти шиорҳои «Хизмат ба Ватан шараф аст!» ва «Ҳифзи Ватан қарзи фарзандист!» тавассути кӯчаҳои марказии шаҳр оғоз ёфт.
Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода ҷавонони бонангу номусро барои гузоштани қадами аввалин ба мактаби ҷасорату матонат таҳният гуфта, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар ҷавонписар мактаби бузурги обутоби ҳаёт ва нишони садоқат ба Ватан мебошад.
Таъкид шуд, ки бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар қисмҳои ҳарбии мамлакат тамоми шароити хизматӣ барои сарбозон фароҳам оварда шудааст.
Зимни ҳамоиши тантанавӣ ҷавонон ба мардонагӣ, ҳифзи амнияту суботи кишвар, ҳушёриву зиракӣ ва хизмати сарбаландона даъват карда шуданд.
Дар маросими гусели наваскарон ба ҷавононе, ки даври кӯтоҳмуддати Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаро хатм намудаанд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.
Инчунин тибқи анъанаи миллии тоҷикон маросими «кулчагазон» бо дуои неки модарон доир шуд.
Дар қисмати фарҳангии ҳамоиш аз ҷониби ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр барномаи рангини консертӣ, ки саршор аз оҳангҳои ватандӯстона буд, пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Ҷавонони шаҳри Ҳисор дар фарҷоми чорабинӣ ба пояи муҷассамаи «Дуои модар» гул гузошта, ба қисмҳои низомӣ раҳсипор гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор