27 СЕНТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ САЙЁҲӢ. Дар Тоҷикистон барои рушди сайёҳии дохилию байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида мешаванд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (World Tourism Day) таҷлил мегардад. Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ соли 1979 дар шаҳри Торремонилоси Испания

ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 27 сентябр Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ (World Tourism Day) таҷлил мегардад. Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ соли 1979 дар шаҳри Торремонилоси Испания таъсис дода шудааст. Ҳадафи он тарғибу ташвиқи сайёҳӣ, инъикоси бахши сайёҳӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва тақвияти робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумони гуногуни дунё мебошад. Ҳар сол он ба мавзуи муайяне бахшида мешавад ва имсол шиори Рӯзи ҷаҳонии сайеҳӣ «Рӯзномаи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ барои бознигарии соҳаи сайёҳӣ» аст.

— Дар Тоҷикистон низ бахшида ба ин сана ҳамоишҳои гуногун баргузор карда мешаванд. Аз ҷумла, «Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Душанбе – 2026» (Dushanbe International Tourism Exhibition – DITE-2026) ва Форуми байналмилалии Душанбе таҳти унвони «Ҳамгироии шаҳрҳо дар татбиқи имконоти сайёҳии устувор», ки 24 сентябр оғоз гардида, то 26 сентябр дар Тоҷикистон идома ёфт, ба Рӯзи ҷаҳонии сайёҳӣ бахшида шуд.

Сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои даромадноки иқтисодиёти ҳар давлат маҳсуб шуда, бо назардошти муҳимияти ин соҳа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир барои рушду пешрафти он тадбирҳои муассир меандешад. Тоҷикистон чун сарзамини кӯҳҳои осмонбӯс, кӯлҳои мусаффо, дараҳои зебоманзар, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои беназири таърихию фарҳангӣ дар харитаи ҷаҳонии сайёҳӣ ҷойгоҳи хоси худро дорад. Солҳои охир бо татбиқи барномаҳои давлатӣ барои рушди ин соҳа заминаҳои нав фароҳам оварда шуда, таваҷҷуҳ ба имконияти сайёҳии мамлакат ба маротиб афзудааст. Яке аз санадҳои муҳими ин раванд «Стратегияи рушди соҳаи сайёҳӣ барои то соли 2030» мебошад.

Қадами дигар дар ин самт қабули «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031» мебошад. Барнома ба истифодаи самараноки захираҳои сайёҳии дохилӣ, рушди инфрасохтор, дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва муаррифии имконоти сайёҳии минтақаҳои мамлакат равона шудааст.

Тоҷикистон – мамлакати дорои имконоти сайёҳӣ

Тибқи арзёбии «Барномаи рушди сайёҳии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2027-2031», имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 191 ширкати сайёҳӣ, 436 захираи сайёҳӣ, 3413 ёдгории таърихию фарҳангӣ, 216 меҳмонхона, 53 хостелу мотел, 57 осоишгоҳ, 4 осоишгоҳи кӯдакона ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавию дармонгоҳи солимгардонӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 3 пансионату кемпинг, 4 базаи сайёҳию истироҳатӣ, 70 осорхона, 750 клуб ва 26 театр фаъолият доранд.

Фаъолияти ин сохторҳо ҳамзамон ба таъсиси ҷойи нави кор мусоидат мекунад. Тибқи маълумоти барнома, дар ин соҳа ба ҳисоби миёна 3475 шаҳрванд бо ҷойи кор таъмин мебошанд.

Нишондодҳои боздиди сайёҳон низ аз афзоиши таваҷҷуҳ ба Тоҷикистон шаҳодат медиҳанд. Агар соли 2024 субъектҳои соҳаи сайёҳӣ ба 1,4 миллион нафар сайёҳи хориҷӣ ва беш аз 2 миллион нафар сайёҳи дохилӣ хизмат расонида бошанд, пас соли 2025 шумораи сайёҳони хориҷӣ ба 1,784 миллион нафар ва сайёҳони дохилӣ ба беш аз 2,4 миллион нафар расидааст. Ин рақамҳо нишон медиҳанд, ки сайёҳӣ на танҳо воситаи истироҳату фароғат, балки бахши муҳими иқтисоди миллӣ ва имкони рушди соҳибкорӣ дар минтақаҳо мебошад.

Масири ҷолиби сайёӣ – аз Ҳисор то Бадахшон

Тоҷикистон беш аз 436 захираи сайёҳӣ, зиёда аз 1000 дара, 1000 кӯл ва садҳо мавзеъи дигари табиӣ ва таърихию фарҳангӣ дорад. Аз шаҳрҳои қадимии Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан ва Кӯлоб то манзараҳои нотакрори Искандаркӯл, Сарез, Ҳафткӯл, Чилдухтарон ва Бадахшон ҳар гӯшаи Тоҷикистон метавонад як масири ҷолиби сайёҳӣ бошад.

Барномаи рушди сайёҳии дохилӣ ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ дар шаҳрҳои таърихӣ, деҳаҳои дорои мероси фарҳангӣ ва мавзеъҳои зебоманзарро пешбинӣ менамояд. Яке аз самтҳои ҷолиб- ин рушди сайёҳии фарҳангӣ ва маърифатӣ мебошад. Саёҳат ба хона-музейҳои шахсиятҳои маъруфи адабиёту фарҳанг, аз ҷумла Мирзо Турсунзода, Садриддин Айнӣ, Сайидалӣ Вализода ва Лоиқ Шералӣ метавонад барои насли нав василаи шиносоӣ бо таъриху адабиёти миллӣ гардад. Ҳамчунин ташкили масирҳои сайёҳии зиёратӣ ба 133 макони муқаддас, оромгоҳ ва мақбара пешбинӣ шудааст.

Кӯҳҳо – сармояи бузурги Тоҷикистон

Тоҷикистон кишвари кӯҳсор аст ва ҳамин хусусияти табиӣ имконоти бузургро барои рушди сайёҳии кӯҳӣ, кӯҳнавардӣ ва варзишӣ фароҳам меорад. Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Зарафшон ва мавзеъҳои табиии Искандаркӯл, Сарез ва Себистон аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки барои рушди чунин намудҳои сайёҳӣ имконоти фаровон доранд.

Аммо истифодаи ин имконият рушди инфрасохторро тақозо мекунад. Бунёду таъмири роҳҳо, ташкили ҷойҳои хаймазанӣ, омода намудани роҳбаладони касбӣ, дастрасии интернет дар минтақаҳои кӯҳӣ ва душворгузар, таъсиси нуқтаҳои хизматрасонӣ ва беҳтар намудани объектҳои сарироҳӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.

Дар баробари ин, рушди роҳҳои танобӣ низ метавонад ба яке аз ҷузъҳои ҷолиби инфрасохтори сайёҳӣ табдил ёбад. Таҷрибаи роҳи танобии шаҳри Хуҷанд ва пешниҳоди барқарор намудани роҳи танобии шаҳри Душанбе дар «Боғи Ғалаба», инчунин сохтмони чунин иншоот дар дигар минтақаҳои мамлакат барои фароғат ва сайёҳӣ имконоти нав фароҳам меоранд.

Аз таъми қурутоб то ҳунари чакандӯзӣ

Соҳаи сайёҳӣ метавонад меҳмононро бо таъму хӯроку тарзи зиндагӣ, ҳунар, анъана ва фарҳанги мардум шинос созад. Аз ин рӯ, дар доираи барномаи нав ташкили мастер-классҳо барои сайёҳони дохилӣ пешбинӣ шудааст. Меҳмонон метавонанд тарзи омода намудани таомҳои миллии минтақаҳо – қурутоб, шакароб, оши бурида, оши туппа ва дигар хӯрокҳои суннатиро омӯзанд.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ- аз дӯхти чакану адрас то кордсозӣ ва истеҳсоли ҷавоҳироти мисин метавонад бахши дигари ҷолиби сайёҳии фарҳангӣ бошад. Инчунин ҷойҳои наворгирии филмҳои машҳур метавонанд ба масирҳои нави сайёҳӣ табдил ёбанд. Мавзеъҳои Чилдухтарон ва Шаҳритӯс, ки бо филми «Рустам ва Суҳроб» иртибот доранд, мавзеъҳои ноҳияи Шуғнон ва дигар маконҳои марбут ба филмҳои миллӣ метавонанд барои дӯстдорони синамо ва таърихи фарҳангӣ ҷолиб бошанд.

Сайёҳӣ аз ватангардӣ оғоз меёбад

Рушди сайёҳии дохилӣ маънои онро дорад, ки худи сокинони мамлакат сарзаминашонро бештар бишиносанд. Шиносоӣ бо мавзеъҳои зебоманзару таърихии Тоҷикистон, аз ҷумла Ҳафткӯл, Искандаркӯл, Чилдухтарон, Сари Хосор, Чилучорчашма, инчунин шаҳрҳои қадимии Ҳисор, Панҷакент, Истаравшан ва Кӯлоб барои шаҳрвандон имконияти бештар фароҳам меорад, ки бо табиати нотакрор, таърихи пурғановат ва фарҳанги миллии худ аз наздик шинос шаванд.

Дар ин замина рушди хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ, беҳтар намудани инфрасохтор ва сифати хизматрасонӣ, густариши меҳмондории анъанавӣ ва «сайёҳии хонаист», дастгирии ташаббусҳои соҳибкорӣ дар деҳот ва муаррифии имконияти сайёҳии минтақаҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иҷтимоӣ ва муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Тақвияти чунин самтҳо метавонад ба болоравии фарҳанги сайёҳии аҳолӣ, рушди иқтисоди маҳаллӣ, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва муаррифии бештари имконоти сайёҳии Тоҷикистон мусоидат намояд. Истифодаи оқилонаи ин сарватҳо, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун мамлакати дорои имконоти гуногунҷанбаи сайёҳӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад.

Сайёҳӣ ҳамчун воситаи собитшудаи ҷалби сармоягузории дохилию хориҷӣ соҳаи таъсисдиҳандаи ҷойи нави кор, манбаи даромади аҳолӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ дар рушди иқтисодию иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо инобати ин ва бо мақсади ҷалби сармоягузорон ба соҳаи сайёҳӣ бо беш аз 35 давлати ҷаҳон шартнома ба имзо расонидааст.

Моҳинави НАВРӮЗ, АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Источник: АМИТ "Ховар"