Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 09.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 27 ноябр дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия баргузор мегардад. Дар кори он намояндагони Тоҷикистон таҳти роҳбарии сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Исфандиёри Саъдулло иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин хадамот хабар доданд.

Дар доираи конфронс масъалаҳои муҳими марбут ба муайян намудани самтҳои афзалиятнок ва дурнамои стратегии фаъолияти иттиҳод баррасӣ ва тасдиқи нақшаҳои стратегии фаъолият ва буҷети он барои давраи чорсолаи минбаъда (солҳои 2028–2031), инчунин интихоби ҳайати роҳбарияти олии Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия мавриди баррасӣ ва тасмимгирӣ қарор мегиранд.

Дар конфронс инчунин Котиби генералӣ ва муовини Котиби генералии Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия, директорони се бюрои соҳавии иттиҳод, аъзои Шурои Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия ва аъзои Кумитаи танзими радиобасомадҳо интихобот карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки конфронс дар чор сол як маротиба баргузор мегардад. Он барои муайян намудани самтҳои минбаъдаи рушди соҳаи алоқа ва телекоммуникатсия дар сатҳи ҷаҳонӣ, таҳкими ҳамкории байналмилалӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳои кишварҳои аъзо дар самти рушди инфрасохтори рақамӣ аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"