ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 23.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бабри барфӣ, ки онро озодапаланг ҳам меноманд, яке аз зеботарин ҳайвони кӯҳӣ буда, сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯши Тоҷикистон бозгӯйи поктарин экосистема дар ин сарзамини кӯҳистон аст, мегӯянд мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон .
Рӯзи Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ
23 октябр Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ мебошад. Ин сана дар Форуми байналмилалии ҳифзи бабри барфӣ, ки моҳи октябри соли 2013 дар шаҳри Бишкек баргузор гардид, таъсис ёфт. Дар форум намояндагони Тоҷикистон иштирок намуда, доир ба ҳифзи бабри барфӣ сухан намуданд. Барои ҳифзи бабри барфӣ дар сатҳи байналмилалӣ Барномаи глобалии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ (GSLEP), Эъломияи Бишкек қабул гардида, Тоҷикистон онро имзо намудааст. Дар он чорабиниҳо доир ба ҳифзи экосистемаҳо ва ландшафтҳои ин намуд муайян шудаанд.
Бабри барфӣ дар «Китоби сурх»-и байналмилалӣ ва «Китоби сурх»-и Тоҷикистон
Ба андешаи мутахассисон, бабри барфӣ ҳайвони ваҳшии нодире аст, ки соли 1963 дар «Китоби сурх»-и байналмилалӣ ва соли 1988 дар «Китоби сурх»-и Тоҷикистон сабт гардидааст. Ҳамчунин ба рӯйхати сурхи байналмилалии Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ҳамчун намуди зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи дараҷаи (VU) ворид шудааст.
Сукунати 500 сар бабри барфӣ дар Тоҷикистон
Таҳлили аксҳои зимни истифодаи домҳои аксбардорӣ ба даст оварда мавҷудияти беш аз 180 сар бабри барфиро дар ҳудуди баъзе қаторкӯҳҳои Тоҷикистон ба таври эътимоднок тасдиқ менамояд. Маълумоти наве, ки оид ба паҳншавӣ ва саршумори бабри барфӣ дар қитъаҳои алоҳидаи макони сукунати он ба даст оварда шуд, бозгӯйи он аст, ки дар Тоҷикистон на камтар аз 500 сар бабри барфӣ сукунат менамояд.
Қабули барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ
Дар Тоҷикистон оид ба ҳифзи бабри барфӣ тадбирҳои муассир андешида шуда, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон « Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 » қабул гардид. Барнома дар се марҳила -солҳои 2024-2026, соли 2027 ва соли 2028 амалӣ гардида, имконият фароҳам меорад, ки барои ҳифзу нигаҳдории бабри барфӣ- ҳайвони нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта тадбирҳои амалӣ андешида шаванд .
Ҳифзи муҳити хоси сукунати бабри барфӣ ва объектҳои ғизоии он, коҳиши таҳдидҳо ва таъсири фаъолияти инсон ба популятсияи табиии бабри барфӣ бо назардошти тағйирёбии иқлим аз ҳадафҳои асосии « Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 » мебошанд. Ин барномаи давлатӣ барои муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвоноти Тоҷикистон, ҳифзи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордоштаи ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, таҳия гардидааст.
Гузаронидани мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ
Дар доираи « Барномаи давлатӣ оид ба ҳифзи бабри барфӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 » ҳамоҳангсозии заминаҳои ҳуқуқӣ, мониторинг ва таҳқиқоти илмӣ, мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба беҳдошти манбаъҳои ғизоӣ, тарҳрезии чорабиниҳо оид ба паст намудани хавфи ҳуҷуми бабри барфӣ ба чорвои хонагӣ, танзими чаронидани чорво ва пешгирии таназзули муҳити зист, пурзӯр намудани нақши ҳудудҳои табиии махсусмуҳофизатшаванда оид ба ҳифзи бабри барфӣ, ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои бабри барфӣ, тарғиби донишҳо, ҳамкории байналмилалӣ ва байнисарҳадӣ, ҳифзи намудҳои нодир ва зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта дар шароити тағйирёбии иқлим, таҳияи чораҳои таъхирнопазир ва муассир амалӣ мешаванд.
Таъсиси хазинаи марказонидаи маълумот оид ба бабри барфӣ
Дар нақшаи амали барнома ба таҳқиқи популятсияи бабри барфӣ, аз ҷумла тартиб додани харитаи ҷойҳои маълуми паҳншавӣ, истифодаи домҳои аксбардорӣ, ташхиси генетикӣ ва дигар усулҳои муосири таҳқиқот барои баҳодиҳии зичии популятсияи бабри барфӣ, баҳодиҳии таъсири тағйирёбии иқлим ба популятсияи сумдорони ваҳшӣ ва бабри барфӣ ва таъсиси хазинаи марказонидаи маълумот оид ба бабри барфӣ диққати махсус дода шудааст.
М асоҳати паҳншавии бабри барфӣ
Дар 20 қаторкӯҳи Тоҷикистон дар баландиҳои аз 1800 то 3500 метр бабри барфӣ вомехӯрад. Тибқи ҳисоби олимону мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, саршумори он беш аз 300 сарро ташкил медиҳад. Бабри барфӣ ба хусус дар қисмати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи Тоҷикистон, дар экосистемаи табиии резервати биосферии «Ромит» ва экосистемаи табиии мамнуъгоҳи «Даштиҷум», «Зоркӯл», қисмати паркҳои табиии миллии Тоҷикистон дар Бадахшон, ноҳияи Лахш ва Сангвор сукунат дорад. 70 фоизи масоҳати паҳншавии бабри барфӣ дар ҳудуди Бадахшон ҷойгир аст. Мавзеъҳои хоси зисти бабри барфӣ дар ин минтақа дар баландиҳои аз 2000 то 5200 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудаанд.
Тадбирҳои муассир барои ҳифзи озодапаланг
Ҳимояи озодапаланг дар Тоҷикистон таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумат ва мардуме, ки наздик ба ҳудуди зисти ин ҷонвари нодир сукунат доранд, қарор гирифтааст. Дар сатҳи миллӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ тадбирҳои муассир андшида шудаанд. Дар самти корҳои тарғиботӣ доир ба ҳифзи бабри барфӣ ва экосистемаҳои он аз тарафи Кумита пайваста ҳамоишҳо гузаронида мешаванд. Инчунин тибқи қонун дар мамлакат шикори бабри барфӣ қатъиян манъ шудааст ва ҳифзу нигоҳдории он яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи муҳити зист мебошад.
Саршумори бабри барфӣ зиёд мегардад
Барои беҳтар намудани назорат ва мониторинги экосистемаҳои бабри барфӣ ба мутахассисони соҳаи муҳити зист ва ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ техникаву таҷҳизоти замонавӣ дастрас шудаанд, ки ба беҳтар гардидани назорат, пешгирии қонуншиканиҳо ва манъи шикори ғайриқонунӣ мусоидат менамоянд. Таҳлилҳои солҳои охир бо истифода аз таҷҳизоти муосир, аз қабили домҳои банаворгирӣ, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва сабти экосистемаҳои бабри барфӣ бозгӯйи он мебошанд, ки дар Тоҷикистон саршумори бабри барфӣ сол аз сол зиёд мегардад. Ин далели баланд рафтани сатҳи огоҳии аҳолӣ доир ба ҳифзу нигоҳдории ин ҳайвони нодир аст.
Таъсиси Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ
Аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар ноҳияи Мурғоб бо мақсади табобату офиятбахшии ҳайвонҳои нодир, аз ҷумла бабри барфӣ дар 10 гектар Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ ташкил карда шуд. Дар ин марказ ҳайвоноти нодир, ки дар ҳолатҳои гуногун захм бардошта ё ба дигар бемориҳо дучор шудаанд, табобат гардида, сипас ба табиат сар дода мешаванд.
Иқлими хоси Мурғоб- макони сукунати бабри барфӣ
Яке аз ҳадафҳои асосии бунёди Маркази офиятбахшӣ ва парвариши бабри барфӣ наслгирӣ ва зиёд намудани шумораи бабри барфӣ дар табиати кӯҳии Тоҷикистон, бурдани корҳои омӯзишӣ ва илмӣ бо ҷалби олимони дохилӣ ва хориҷӣ мебошад. Ноҳияи Мурғоб дорои табиату иқлими барои сукунати бабри барфӣ хос мебошад. Бабри барфӣ дар баландкӯҳҳои Осиё – Ҳимолой, Қароқурум, Ҳиндукуш, Помир, Тиён-Шон, Олтой, Саян ва Кунлун, ки ҳудуди 12 давлат- Тоҷикистон, Афғонистон, Покистон, Чин, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон, Муғулистон, Непал ва Бутанро фаро мегирад, паҳн шудааст. Масоҳати паҳншавии он 3 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад. Тоҷикистон дар маркази масоҳати паҳншавии бабри барфӣ ҷойгир шудааст. Ҳудуди паҳншавии бабри барфӣ дар ҷумҳурии мо 85,7 ҳазор километри мураббаъро дар бар мегирад, ки 2,9 фоизи масоҳати ҳозираи паҳншавии ин намудро дар миқёси олам ташкил медиҳад.
М интақаҳои алпӣ ва субалпӣ- м уҳити зисти бабри барфӣ
Мавзеъҳои мусоиди сукунати бабри барфӣ қариб дар тамоми қитъаҳои паҳншавии он дар баландиҳои 3000-4000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, муҳити хоси зисти бабри барфӣ минтақаҳои алпӣ ва субалпии дорои релефи ноҳамвор бо нишебиҳои тезу дараҳои чуқур мебошанд, ки дар баландиҳои аз 2000 то 4500 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир ҳастанд. Бабри барфӣ одатан нишебиҳои буридашудаи кунҷашон аз 30° зиёдро меписандад. Мавзеъҳои хоси сукунати бабри барфӣ дар ҳудуди қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз ва Помир, ки қисми зиёди релефашонро харсангҳо ва нишебиҳои тез ташкил медиҳанд, ҷойгир шудаанд. Дар ҳудуди Помири Шарқӣ, ки релефи нисбатан ҳамвор дорад, бабри барфӣ асосан дар минтақаи марғзорҳои алпии харсангдор сукунат менамояд.
Марзия САИДЗОДА, АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз