Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 05.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд .

Дар иҷлосия Созишномаи уҳдадории фурӯш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун Мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1, Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», Созишномаи иҷораи оянда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», Созишномаи уҳдадории фурӯш байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи автомобилгарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», Созишномаи иҷораи оянда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун Мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», Созишномаи хизматрасонӣ дар давраи иҷора байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун Мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», Созишномаи агентӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун Мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Инчунин Созишномаи хизматрасонӣ дар давраи иҷора байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», Созишномаи уҳдадории харид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1», Созишномаи уҳдадории харид байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд (ҳамчун Мудири Фонди имтиёзии БИР) вобаста ба лоиҳаи «Барқарорсозии роҳи мошингарди Рӯшон-Варшез, марҳилаи 1» мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"