Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
АМИТ "Ховар" ·
ТОҶИКОБОД, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои
ТОҶИКОБОД, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Барои иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026-2027» дар муассисаҳои таълимӣ, соҳаи тандурустӣ ва дигар муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод 782 тонна ангишт, 665 метри мукааб ҳезум ва 1430 литр сӯзишвории дизелӣ захира карда шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод иттилоъ доданд.
Дар ҳама синфхонаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия ва дигар сохторҳои буҷетӣ печкаҳои аловӣ, буғхонаҳо, генераторҳои барқдиҳанда ва дастгоҳи гармидиҳии барқӣ мавҷуд ва дар ҳолати корӣ қарор доранд.
Тибқи иттилои масъулин, соли ҳафтум аст, ки сохторҳои буҷетии ноҳия бо ангишти кони Камароб таъмин карда мешаванд. Имсол низ дар асоси шартнома байни муассисаҳои буҷетӣ бо кони Камароб як килограмм ангишт то ноҳия бо маблағи як сомонӣ харидорӣ гардид.
Иброз гардид, ки ангишти кони Камароб безарар буда, дуду бӯйи ғализ надорад ва гармидиҳияш низ зиёд мебошад. Аз ин рӯ бо захираи он метавон зимистони дарпешистодаро хуб гузаронид.
АКС: АМИТ «Ховар»