Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид

АМИТ "Ховар" · · g1221874

ДУШАНБЕ, 28.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон хонум Габриэлла Ивонна Акимова баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд, дар мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва афзалиятҳои ҳамкорӣ дар самтҳои дахлдорро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Мусоҳибон оид ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, рушди сармояи инсонӣ, дастгирии барвақтии кӯдакон ва баланд бардоштани малакаи муаллимон, инчунин татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак ибрози анда намуданд.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"