Дар Муғулистон доир ба рушди савдо ва сайёҳӣ ҳамоиш баргузор гардид

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ оғоз гардид, ки то 30 сентябр идома

ДУШАНБЕ, 29.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ оғоз гардид, ки то 30 сентябр идома меёбад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода иштирок менамоянд.

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода гуфт, ки ҳамкории минтақавии иқтисодӣ ва рушди робитаҳои минтақавӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон бо мақсади содагардонӣ ва рақамикунонии расмиёти савдо, рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ, стандартҳо ва низоми сертификатсия ба дастовардҳо ноил гардидааст.

Таъкид карда шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ тақвият додани корҳо дар самтҳои рақамикунонии савдо, рушди долонҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, ҷалби соҳибкории хурду миёна ба занҷираҳои арзиши минтақавӣ, инчунин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба инфрасохтори савдо ва сайёҳӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"