Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар» /. Бо мақсади арҷгузорӣ ба мероси таърихиву фарҳангӣ, ҳифзи табиат ва боло бурдани фарҳанги экологии мардум эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш ҳамчун гули миллӣ иқдоми муҳиму саривақтӣ маҳсуб мешавад. Рисолати аҳли зиё, мутахассисони соҳаҳои марбут ба гул ва пажуҳишгарон аст, ки ин иқдоми дурандешонаро муфассал ба бо истинод ба далелҳои муътамад шарҳу тавзеҳ диҳанд.
— Дар шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш», аз ҷумла чунин омадааст: «ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи мероси фарҳангӣ, тақвияти завқи зебоишиносӣ, боло рафтани масъулияти аҳли ҷомеа дар самти ҳифзи табиати биҳиштосои мамлакат ва такмил ёфтани фарҳанги экологии шаҳрвандон, бахусус насли наврасу ҷавон, ба таври муассир мусоидат намуда, дар муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тамаддуни куҳанбунёди тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ нақши бузург мегузорад».
Сиёҳгӯш ва гули Лола дар фарҳангу тамаддуни тоҷикон танҳо падидаҳои зебои табиат нестанд. Онҳо ба миллати тоҷик дар пайванди ин гулҳо бо Наврӯз, хотираи таърихӣ, ривоятҳои мардумӣ, адабиёти форсӣ-тоҷикӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷаҳонбинии зебоипарастонаи халқ ифода меёбад. Тавре аз маъхазҳо бармеояд, сиёҳгӯш бо номҳои Сиёвуш, гули Сиёвуш, гули наврӯзӣ ё бойчечак маъмул буда, ҳамзамон муждарасони баҳор маҳсуб мешавад.
Аз ҷониби дигар, сиёҳгӯш нишонаи бедоршавии табиат, фарҷоми мавсими сармо ва оғози давраи нави зиндагист. Барои мардуми тоҷик, ки зиндагии таърихии онҳо бо кишоварзӣ, чорводорӣ, фаслҳои сол ва табиати кӯҳистон пайванди ногусастанӣ дорад, зуҳури ин гул рамзу ҳикмати хоса дорад. Махсусияти асосии гули сиёҳгӯш бо Сиёвуш, ки яке образҳои «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ буда, намоди поктинатӣ ва қурбонии ноадолатӣ маҳсуб мешавад, гиреҳ хӯрдааст. Барои мисол, дар ривоятҳои марбут ба Сиёвуш аз хуни ноҳақи рехтаи ӯ рӯидани гул ишора шудааст. Бояд мадди назар дошт, ки тавсифи мазкур, пеш аз ҳама, ба ҷанбаҳои фарҳангӣ ва рамзии сиёҳгӯш рабт дорад, на хосияти ботаникии он. Мутмаинам, ки ин мутахассисони соҳа махсусияти ботаникии гулҳои мавриди назарро тафсир хоҳанд кард.
Лола бошад, аз гулҳои маъруфи баҳорӣ буда, дар табиат, адабиёт, ҳунарҳои мардумӣ ва ҷашнҳои тоҷикон ҷойгоҳи хос дорад. Лолаҳои худрӯй дар манзараҳои гуногуни Осиёи Марказӣ, аз ҷумла кӯҳсору даштҳои Тоҷикистон, мерӯянд. Онҳо бо рангҳои гуногун ва шакли зебои худ манзараи баҳорро зинат медиҳанд. Моҳияти ин гул дар фарҳанги мо ба чанд ҷанба алоқаманд аст. Пеш аз ҳама, лола рамзи зебоӣ ва латофат аст. Шакли муназзам ва рангҳои ҷолиби он дар зеҳни мардум образи зебоии табиатро ба вуҷуд овардааст. Инчунин лола рамзи ишқу муҳаббат мебошад.
Дар шеъру адабиёти мо ранги сурхи лола бо сӯзи дил, эҳсоси ошиқона, рухсори маҳбуб ва шиддати эҳсосоти инсонӣ тавъам корбурд мешавад. Ба ғайр аз ин, лола рамзи ҷавонӣ ва эҳёи зиндагист. Ҳар баҳор аз замин сар баровардани лолаҳо нишон медиҳад, ки пас аз сармо давраи нави сабзиш фаро мерасад. Муҳимтар аз ҳама, лола рамзи ифтихор аз табиати Ватан аст. Лолазорҳои доманаи кӯҳҳо ва даштҳои Тоҷикистон аз сарвати табиӣ ва гуногунии набототи мамлакат шаҳодат медиҳанд.
Дар адабиёти мо лола аз образҳои серистифода мебошад. Шоирон онро барои баёни зебоӣ, ишқ, ҳасрат, ҷавонӣ ва гузарон будани умр истифода кардаанд. Дар баъзе шеърҳо маркази тираи гул ба доғи дил ё нишони сӯзи ишқ шабеҳ тасвир мешавад. Ин ва дигар тасвирҳо танҳо васфи як гул нестанд. Онҳо ба маъраз мегузоранд, ки чӣ гуна мушоҳидаи табиат ба андешаи фалсафӣ табдил меёбад, инчунин, зебоӣ инсонро ба андеша дар бораи зиндагӣ, эҳсосот ва гузашти вақт водор месозад. Нақши лола дар ҳунарҳои мардумӣ низ серистифода аст. Он дар ороиши матоъҳо, гулдӯзӣ, чакан, наққошӣ ва дигар намудҳои ҳунарҳои суннатӣ истифода мешавад. Дар ин маврид лола на танҳо тасвири ороишӣ, балки қисми забони рамзии ҳунари миллӣ мебошад.
«Сайри гули лола» яке аз суннатҳои баҳории марбут ба тамошои лолазорҳо ва гиромидошти зебоии табиат мебошад. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин анъана дар солҳои соҳибистиқлолӣ бениҳоят маъмул гардид. Ёдовар шудан бамаврид аст, аз соли 2018 инҷониб дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» роҳандозӣ шудааст, ки ҳадафи он ободонӣ, рушди гулпарварӣ, тарбияи завқи зебоипарастӣ, ҳифзи муҳити зист ва эҳёи анъанаҳои мардумӣ мебошанд.
Зимни баёни андеша вобаста ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш» ҳатман пайванди ин ду гулро ба миллати тамаддунофари тоҷик бояд мадди назар дошт. Пажуҳиши масъала собит намуд, ки ин масъала ҷанбаҳои таърихӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва миллиро касб кардааст.
Дар пайванди ҳар ду гул ба ҷашни Наврӯз, ки ба шарофати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳонӣ шуд, зоҳир мегардад. Наврӯз ҷашни эҳёи табиат, оғози давраи нави зиндагӣ ва умед ба оянда мебошад. Дар навбати худ, сиёҳгӯш дар тасаввури мардумӣ муждаи нахустини баҳор маҳсуб шуда, лола бошад, бо шукуфоии васеи худ зебоии ин фаслро таҷассум мекунад. Ин хусусият имкон медиҳад, ки онҳоро дар як низоми рамзии фарҳангӣ баррасӣ намоем.
Арҷгузорӣ ба хотираи ниёгон пайванди дуюми масъалаи мавриди назар аст. Касе инкор карда наметавонад, ки фарҳанги мо аз қадим бо ривоятҳо, достонҳо, сурудҳо ва маросимҳои вобаста ба табиат ғанӣ аст. Гулҳо дар ин анъанаҳо воситаи баёни андешаҳои ахлоқӣ, эҳсосоти инсонӣ ва тасаввуроти мардум дар бораи зиндагӣ мебошанд. Далели возеҳи ин гуфта ривояти Сиёвуш, суннати «Гулгардонӣ» ва анъанаи «Сайри гули лола» аз намунаҳои пайванди табиат бо хотираи фарҳангӣ мебошанд. Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш» имкон фароҳам меорад, то гузаштагони худро на танҳо аз китобҳои таърих, балки тавассути расму оинҳои эҳёгардида низ бишносанд.
Завқу салиқаи баландро омили сеюм арзёбӣ намудан бамаврид аст. Дар фарҳанги тоҷикон калимаи «гул» берун аз маънои ботаникии худ низ истифода мешавад. Он дар номгузории инсон, адабиёт, мусиқӣ, нақш ва баёни эҳсос ҷойгоҳи хос дорад. Номҳои зиёд, амсоли Гуландом, Гулбону, Тоҷигул, Гулпайкар, Гулчеҳра ва Гулноз намунаи чунин пайванди забонӣ ва фарҳангӣ мебошанд. Омили мазкур гувоҳи он аст, ки медиҳад, ки гул дар зеҳни фарҳангии тоҷикон бо ҳусну латофат, меҳру муҳаббат ва орзу тавъам шудааст.
Бо истинод ба ин далелҳо метавон гуфт, ки ибтикори навбатии Пешвои миллат рамзу ҳикмати фаровон дошта, пеш аз ҳама, баҳри таҳкими худшиносии миллӣ муфид аст. Рамзҳои миллӣ ба ҷомеа имкон медиҳанд, ки арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии худро беҳтар бишносад. Сиёҳгӯш ва Лола метавонанд ҳамчун рамзҳои табиии дорои маънои таърихӣ ва фарҳангӣ дар тарбияи эҳсоси миллӣ саҳми бориз гузоранд.
Аз ҷониби дигар, ин фармон шароит фароҳам меорад, ки корҳои маърифатӣ, тадқиқот ва чорабиниҳои фарҳангӣ тавсеа ёбанд. Илова бар ин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми миллӣ гирифтани кардани ин гулҳо тадбирандеширо баҳри ҳифзи растаниҳои худрӯй, омӯзиши навъҳои онҳо ва пешгирии нобудшавии намудҳои нодир вусъат мебахшад . Ҳамон тавре дар шарҳи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш» чунин омадааст: «Фармони мазкур ҷиҳати омӯзиши илмии тамоми навъҳои гулҳо, инчунин, пешгирӣ аз нобудшавии набототи нодири диёрамон заминаи мусоид фароҳам меорад».
Ин иқдом ба муаррифии шоистаи дар арсаи байналмилалӣ низ мусоидат менамояд. Гулҳои миллӣ метавонанд дар намоишгоҳҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, барномаҳои сайёҳӣ ва маводи муаррифии мамлакат истифода шаванд. Бо истинод ба онҳо мамлакати азизи мо на танҳо ҳамчун давлати дорои кӯҳҳои баланду захираҳои табиӣ, балки ҳамчун сарзамини дорои мероси ғании фарҳангӣ низ муаррифӣ мегардад.
Ҳадафи дигари фармон баланд бардоштани маърифати экологӣ ба шумор меравад. Он шаҳрвандонро талқин менамояд, ки эҳтиром ба гулҳои миллӣ бояд, пеш аз ҳама, дар рафтори ҳаррӯзаашон зоҳир шавад
Хулоса ин аст, ки ба шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гулҳои миллӣ эълон намудани гулҳои Лола ва Сиёҳгӯш» моҳияти ин ду намуди гул аз падидаҳои зебои табиат фаротар рафта, ба шаҳодати таърихи пурғановат, таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд.
Далер АБДУЛЛО, муовини сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», номзади илмҳои сиёсӣ