Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» (15–20 октябр) дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон доир мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии
ДУШАНБЕ, 27.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сеюмин Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» (15–20 октябр) дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон доир мегарданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд.
Дар доираи Рӯзҳои кинои Эрон намоиши филмҳои муосири синамои ин кишвар баргузор гардида, барои тамошобинон имкони шиносоӣ бо дастовардҳо, навгониҳо ва равандҳои муосири кинематографияи Эрон фароҳам оварда мешавад.
Инчунин баргузории вохӯриҳои корӣ ва эҷодии синамогарони Тоҷикистону Эрон ба нақша гирифта шудааст. Дар онҳо масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба, табодули таҷриба ва рушди робитаҳои эҷодиву касбӣ мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Баргузории Рӯзҳои кинои Эрон ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва синамоии Тоҷикистону Эрон, рушди ҳамкории байналмилалӣ ва фароҳам овардани заминаи муносиб барои табодули таҷрибаи синамогарони ду мамлакат мусоидат хоҳад кард.
Рӯзҳои кинои Эрон яке аз бахшҳои муҳими барномаи байналмилалии Синамоҷоизаи миллии «Тоҷи Сомон» ба шумор рафта, ба рушди муколамаи фарҳангӣ ва эҷодӣ байни синамогарони ду давлат равона шудааст.
АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»