Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 06.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазъи кунунии иқтисодиёти Тоҷикистон, рушди низоми бонкӣ ва молиявӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар меҳвари мулоқоти муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Зиёратшо Ғуломзода бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон таҳти роҳбари намояндагии иқтисодии Олмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Эдуард Кинсбруннер қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Мусоҳибон ҳамзамон самтҳои афзалиятноки густариши ҳамкориро байни ду давлат дар соҳаи низоми бонкӣ баррасӣ намуданд.
Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон оид ба самтҳои асосии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи сиёсати пулию қарзӣ, такмили идоракунии корпоративӣ, рушди инфрасохтори пардохтӣ ва амалӣ намудани навовариҳо дар бахши молиявӣ маълумот пешниҳод намуд.
Зимни мулоқот инчунин ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти суғуртавӣ, вазъи кунунӣ ва таҳкими назорати бонкӣ, рушди низоми пардохт ва густариши хизматрасониҳои рақамии молиявӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд.
Гуфта шуд, ки ислоҳоти низоми молиявию бонкӣ барои таҳкими устувории иқтисодӣ, баланд бардоштани эътимоди сармоягузорон ва ҳамгироии бештари кишвар ба равандҳои иқтисодии минтақавию ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Роҳбари ҳайати намояндагиҳои иқтисодии Олмон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба самтҳои фаъолият ва афзалияти ҳамкории иқтисодии Олмон бо кишварҳои минтақа маълумот дод. Зимни табодули афкор намояндагони ҳайат, аз ҷумла ба масъалаи рақамикунонии бахши суғурта таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо барои идомаи муколамаи судманд, таҳкими робитаҳои касбӣ ва муайян намудани самтҳои мушаххаси ҳамкории минбаъда изҳори ҳавасмандӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон