Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 03.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Хусрав Нозирӣ ба сардабири рӯзномаи кувайтии «Алҷарида» Носир Ал-Утайбӣ вохӯрӣ намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт хабар доданд, дар мулоқот роҳҳои густариши ҳамкории расонаӣ ва нақши расонаҳо дар бозтоби раванди тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Кувайт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин росто, пиромуни аҳаммияти муаррифии шоистаи зарфияти сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон дар расонаҳои кувайтӣ мубодилаи афкор доир шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт