ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 октябр, ҷумъа, 282-юмин рӯзи соли 2026 аст

АМИТ "Ховар" ·

9 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жао масоили гуногуни ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд. *** 9 октябри

9 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд Сиаою Жао масоили гуногуни ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

***

9 октябри соли 2013 дар Маркази маъмурии ноҳияи Шуғнон бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 иншооти нав мавриди истифода қарор гирифта, ба сохтмони як бинои панҷошёнаи истиқоматӣ оғоз бахшида шуд.

***

9 октябри соли 2025 дар шаҳри Душанбе бо иштироки президентҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия Саммити дуюми «Осиёи Марказӣ – Русия» баргузор гардид.

***

Дар ин рӯзи соли 2025   байни Тоҷикистону Русия музокироти сатҳи олӣ баргузор гардид. Инчунин дар ин рӯз санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд.

9 ОКТЯБР:

Рӯзи ҷаҳонии почта.

***

Рӯзи ҷаҳонии тухм

***

Дар Ҷопон- Рӯзи тарбияи ҷисмонӣ.

***

Дар Озарбойҷон- Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳ.

РӮЙДОДҲО:

9 октябри соли 1874   Рӯзи таъсиси Шурои ҷаҳонии почта ба шумор меравад.

***

9 октябри соли 1991 ҷоизаи Букери Русия барои беҳтарин роман бо забони русӣ таъсис дода шуд.

***

9 октябри соли 2001 дар Миср баландтарин пули овезон сохта шудааст.

***

Дар ин рӯзи соли 2006 дар Антверпена дар музояда калонтарин алмос, ки дар 13 соли охир аввалин бор  ёфт гардид, фурӯхта шуд.

***

9 октябри соли 2019 байни прокуратураҳои генералии Тоҷикистон ва Қатар Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1963 дар Италия дар натиҷаи вайрон шудани сарбанд қариб 2 ҳазор сокинони шаҳри Беллуна ба ҳалокат расиданд.

ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД :

Искандар Ҳамроқулов — соли 1942 — нависанда, аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1997).

Источник: АМИТ "Ховар"