Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Тайчжоуи музофоти Чжэтзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» баргузор гардида истодааст, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин марказ хабар доданд.
27 октябр форум ба кори худ оғоз намуд. Ҳадафи асосии форум таҳкими робитаҳои фарҳангӣ, густариши табодули таҷриба, рушди муколамаи байни тамаддунҳо ва тақвияти ҳамдигарфаҳмию дӯстӣ байни давлатҳо арзёбӣ гардид. Форум то 29 октябр идома меёбад.
Зимни форум Хайриддин Усмонзода оид ба масъалаҳои мубрами муносиботи байналмилалӣ, таҳкими сулҳу субот ва рушди ҳамкории минтақавӣ андешаронӣ намуд. Номбурда иброз дошт, ки баргузории форум дар шароити тағйирёбии вазъи байналмилалӣ, афзоиши танишҳои геополитикӣ ва коҳиши эътимод байни баъзе иштирокдорони муносибатҳои байналмилалӣ аҳамияти хос дорад.
«Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Чинро дар самти мусоидат ба рушди кишварҳои минтақа қадр намуда, ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рушди робитаҳои илмию таълимӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамкорӣ бо Чин, ки дорои иқтидори бузурги саноатӣ, илмӣ ва технологӣ мебошад, метавонад ба навсозии иқтисоди миллӣ ва татбиқи ҳадафҳои дарозмуддати рушди Тоҷикистон мусоидат кунад»,–афзуд Хайриддин Усмонзода.
Гуфта шуд, ки Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» ба таҳкими эътимод байни кишварҳо, густариши ҳамкории мутақобилан судманд ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкории муштарак мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин иштирокчиён масъалаҳои марбут ба аҳамияти фалсафаи «Хэхэ» дар ҷаҳони муосир, истифодаи он дар фаъолияти соҳибкорӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги анъанавӣ, табодули фарҳангӣ байни давлатҳо, омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ва нақши ҷавонон дар рушди ҷаҳониро баррасӣ намуданд.
Инчунин дар доираи форум директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода бо президенти Корпоратсияи байналмилалии пахши Чин (CICG) Чжан Бо вохӯрӣ намуд.
Ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба татбиқи Ёддошти тафоҳум оид ба таъсиси Маркази тадқиқоти модернизатсияи Чин ва Тоҷикистонро, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин моҳи майи соли 2026 ба имзо расида буд, мавриди баррасӣ қарор доданд.
Иброз шуд, ки таъсиси ин марказ қадами муҳим дар таҳкими ҳамкории илмию таҳқиқотӣ ва густариши шарикии стратегии ду давлат ба ҳисоб меравад.
Ҷонибҳо зарурати суръат бахшидан ба таҳияи оинномаи марказ, ташкили сохтори корӣ, таъсиси кумитаи коршиносон ва омода намудани заминаҳои зарурӣ барои оғози фаъолияти онро таъкид намуданд.
Ҳамзамон масъалаи ташкили чорабиниҳои байналмилалӣ бо иштироки намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Аврупои Шарқӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки чунин иқдомҳо метавонанд ба густариши робитаҳои илмӣ ва таҳлилӣ, табодули таҷриба ва ба роҳ мондани муколамаи фарогир байни марказҳои таҳқиқотии кишварҳои ин минтақаҳо мусоидат намоянд.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон