Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд

АМИТ "Ховар" ·

Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд

РӮДАКӢ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ якчанд  иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин

РӮДАКӢ, 04.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ якчанд  иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Бо иштироки меҳмонону сокинони ҷамоат  дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №108-и деҳаи Дарёобод майдончаи варзишӣ, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и деҳоти Роҳатӣ Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон, дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 110-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бинои нави муассисаи таълимӣ бо 16 синфхона ва дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59-и деҳаи Теппаи самарқандӣ 2 синфхонаи нав ва майдончаи варзишӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.

Бунёди майдончаҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои фароҳам овардани шароити муносиби гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, машғулияти варзишӣ ва ҷалби хонандагон ба тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Маркази инкишофи барвақтии кӯдакон бунёд гардид. Он аз 3 синфхона иборат буда, 150 нафар кӯдаконро дар ду баст ба таълиму тарбия фаро мегирад.

Саҳми соҳибкорон дар бунёди муассисаҳои таълимию тандурустӣ, мумфаршкунии роҳҳо ва дигар бунёдкорӣ назаррас аст. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №110-и Ҷамоати деҳоти Роҳатӣ бо 16 синфхона бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ бунёд гардид. Ба ин восита хонандагон бо ҷойи нишаст таъмин ва барои таҳсили онҳо беҳтарин шароити замонавӣ муҳайё карда шуд.

Таъкид гардид, ки бунёду ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои инкишофи барвақтии кӯдакон ва майдончаҳои варзишӣ барои таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва беҳтар гардидани шароити таҳсил замина мегузорад.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Источник: АМИТ "Ховар"