Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Габон, Кипр ва Сингапур мулоқот намуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Ҷумҳурии Габон, Кипр ва Ҷумҳурии Сингапур дар Ню-Йорк мулоқот намуд, хабар
ДУШАНБЕ, 26.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 сентябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо вазирони корҳои хориҷии Салтанати Умон, Ҷумҳурии Габон, Кипр ва Ҷумҳурии Сингапур дар Ню-Йорк мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Салтанати Умон Бадр ибни Ҳамад Ал Бусаидӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетика, сайёҳӣ, илму маориф, фарҳанг, саноат, алоқаи ҳавоӣ, таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Габон Мари-Эдит Тассила-Йе-Думбененӣ ҳамкории Тоҷикистону Габон дар самтҳои мавриди назари ду мамлакат баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баён намуданд.
Дар фарҷоми мулоқот вазирон Созишнома оид ба барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Габонро имзо намуданд.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Кипр Константинос Комбос сатҳи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, инчунин ҳамкории ҳар ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуда, алоқамандии худро роҷеъ ба таҳкими мунтазами робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, шарикӣ дар бахши сайёҳӣ ва маориф, инчунин дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупо иброз намуданд.
24 сентябр инчунин мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сингапур Вивиан Балакришнан баргузор гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои об, рақамикунонӣ, молия ва рушди неруи инсонӣ, инчунин такмили заминаи шартномавию ҳуқуқӣ ва ҳамкории ду мамлакат дар доираи созмонҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон