Дар Санкт-Петербург бо донишҷӯёни тоҷик оид ба масъалаҳои будубош ва таҳсил вохӯрӣ доир шуд
АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират дар Муассисаи давлатии Коллеҷи захираҳои обӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо
ДУШАНБЕ, 28.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъулини Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират дар Муассисаи давлатии Коллеҷи захираҳои обӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо донишҷӯён-шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрӣ намуданд. Дар ин хусус мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад.
Иброз гардид, ки муассиса барои омода намудани кадрҳои коргарӣ мутобиқ ба бозори меҳнати Федератсияи Русия фаъолият менамояд. Дар он беш аз 50 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон таҳсил менамоянд.
Зимни вохӯрӣ ба донишҷӯёни тоҷик масъалаи талаботи қонунгузории будубоши шаҳрвандон, танзими раванди таҳсил ва имконоти мавҷуда дар ин муассиса, сари вақт ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои будубош, пешгирии ҳолатҳои ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон, гаравиш ба гурӯҳҳои ифротгаро ва тундгаро, ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, равияҳои динию мазҳабӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва нигоҳ доштани ҳолатҳои санитарию гигиенӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, забон, фарҳанг ва осори гаронбаҳои халқи тоҷик фаҳмонида шуд.
Тавсия дода шуд, ки арзишҳои фарҳангӣ ва таърихи мардуми давлати иқоматро эҳтиром намуда, талаботи қонунгузории онро риоя намоянд.
АКС: Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират