ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 октябр, чоршанбе, 280-умин рӯзи соли 2026 аст
АМИТ "Ховар" ·
13 сол пеш, 7 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин ҳамкории дуҷониба ва гуногунҷанбаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
13 сол пеш, 7 октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вақти Думаи давлатии Федератсияи Русия Сергей Наришкин ҳамкории дуҷониба ва гуногунҷанбаи ду мамлакатро баррасӣ намуданд.
***
7 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар бозии хоккей, ки бо иштироки Президенти ин давлат Владимир Путин ва собиқадорони маъруфу машҳури ин навъи варзиш дар Русия ва ҷаҳон доир шуд, иштирок намуданд.
***
7 октябри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
7 ОКТЯБР:
Рӯзи ҷаҳонии пахта.
***
Дар Арманистон- Рӯзи китобдор.
***
Дар Русия- Рӯзи ташкилшавии қисмҳои штабии Вазорати корҳои дохилӣ.
РӮЙДОДҲО:
7 октябри соли 1925 Нашриёти давлатии Тоҷикистон- «Ирфон» таъсис дода шуд.
***
7 октябри соли 1963 тӯфони «Флора» дар Гаити ва давлати Доминикан сабаби марги 7 190 нафар одам гардид.
***
7 октябри соли 1977 Конститутсияи охирини Иттиҳоди Шуравӣ қабул гардид.
***
7 октябри соли 1999 аввалин вируси компютерӣ муайян карда шуд, ки новобаста ба сатҳи баланди муҳофизатии Windows NT ба қисмати системаҳои ёрирасони он метавонист таъсир расонад.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1967 Намоишгоҳи дастовардҳои хоҷагии халқи собиқ Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид.
***
Соли 2004 вазирони нақлиёти 25 давлати аъзои Иттиҳоди Аврупо дар Люксембург зимни нишаст пешниҳоди амалӣ намудани намунаи ягонаи шаҳодатномаи ронандагиро қабул намуданд.