Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 12.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) оид ба лоиҳаи «Пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ» ба маблағи 296 миллион йени ҷопонӣ (мутаносиб ба 1,8 миллион доллари амрикоӣ) Созишномаи грантӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар доданд.
Созишномаи грантӣ 11 ноябр дар шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Вазири молияи ҷумҳурӣ Файзиддин Қаҳҳорзода бо Роҳбари намояндагии Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такэмура Ёшимаса ба имзо расонида шуд.
Ҳадафи асосии лоиҳа мусоидат ба таҳкими ҳамкории дуҷониба тавассути фароҳам овардани шароит барои хизматчиёни давлатӣ ба хотири гирифтани дараҷаҳои илмии магистратура ва докторантура дар донишгоҳҳои олии Ҷопон мебошад.
АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон