Оид ба татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд

АМИТ "Ховар" ·

ДУШАНБЕ, 20.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи оғози даври дуюми шарҳи татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода бо аъзои гурӯҳи мониторингии Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд, зимни вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба қонунгузории миллӣ, амалисозии чораҳои муосири зиддикоррупсионӣ ва нақши ҳамкории байналмилалӣ дар амалисозии сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамояд. Инчунин барои мутобиқатсозии қонунгузории миллӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, татбиқи механизмҳои муосири муқовимат ба коррупсия ва дигар самтҳо тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи ҳамкории созанда ва табодули таҷриба дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия таъкид карданд.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Источник: АМИТ "Ховар"