Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
АМИТ "Ховар" ·
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА, ки дар сомонаи расмии ин созмон нашр гардид, мавқеи худро беҳтар кард. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи
ДУШАНБЕ, 10.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА, ки дар сомонаи расмии ин созмон нашр гардид, мавқеи худро беҳтар кард.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар муқоиса бо нашри қаблӣ дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол як зина боло рафта, акнун бо касби 1218,88 имтиёзи рейтингӣ дар ҷойи 100-уми ҷаҳон қарор дорад. Дастаи Тоҷикистон дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё мақоми 18-умро ишғол мекунад.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозиҳои навбатии худро моҳи ноябр анҷом медиҳад. Дастаи мо дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки аз 9 то 17 ноябр дар Тайланд баргузор мешавад, иштирок мекунад. Ғайр аз тими Тоҷикистон дар ин мусобиқа дастаҳои яккачини Тайланд, Умон ва Баҳрайн низ иштирок хоҳанд кард.
Раддабандии навбатии ФИФА 18 ноябр нашр мегардад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон